«Духтари Сайҳун» дар 1-умин Кинофестивали байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза шуд

Сентябрь 21, 2016 15:58

Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 сентябри соли равон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъияти «Навсоз» бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 1-умин Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ таҳти унвони «Навсоз» баргузор гардид. Дар Кинофестивали мазкур 27 филми филмсозон аз Афғонистон, Эрон, Беларус, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ўзбекистон ва Арманистон ширкат варзиданд.
Баъди баҳогузорӣ филми «Духтари Сайҳун» -и коргардон Далери Эмомалӣ аз «Суғдсинамо» сазовори Шоҳҷоиза гардида, беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ дониста шуд.
Дар бахши беҳтарин филми бадеӣ филми «Гунҷишки сафед» интихоб гардида, дар бахши наворбардори беҳтарин Умар Бостони Фардӣ бо филми «Акс» ва дар беҳтарин сенария филми «Киноосвещения» ғолиб дониста шуданд.
Ба ғолибони кинофестивал ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар ин бора аз Ташкилоти ҷамъиятии «Навсоз» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сентябрь 21, 2016 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад