Э. Раҳмон: «Ба қадри сулҳу суботи пойдор, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин бирасед!»
Душанбе, 1.09.14. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми муаасисаҳои таҳсилоти умумӣ соати аввали Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз шуд.
Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар бораи аҳамияти сулҳ, нақши калидии он дар ҷаҳони муосир, мақому манзалати сулҳу субот барои халқи мо ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон ва кулли шаҳрвандони мамлакат изҳори андеша намуданд.
Сарвари давлат аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир ёдовар шуда, зикр намуданд, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст. Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст.
«Дар ибтидои истиқлолият, бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мамлакатамон хароб ва мардумамон бесарпаноҳ ва гурезаву сарсон гашта буд. Ин вазъият ба рӯҳияи халқ таъсири манфӣ расонид ва дар аксари хонаводаҳо осори талхи худро гузошт»,- иброз доштанд Пешвои миллат ва илова намуданд, ки танҳо бо шарофати сулҳу ваҳдати комил мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, барои мардум шароити кору зиндагиро муҳайё созем ва раванди созандагиро оғоз намоем.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони даврони истиқлолият муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо — сулҳу суботи пойдор расанд, зиёдаравӣ накарда, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият кунанд, сатҳи саводу дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






