«Эй забони тоҷикӣ, эй зевари мулки Аҷам»-силсилабарномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Сентябрь 28, 2016 14:43

Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар тасмим гирифтааст бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ силсилабарномаҳо баргузор намояд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 29 сентябр то 8 октябри соли равон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар намоиши китоб таҳти унвони «Беҳтарин ганҷинаи ман, эй забони модарам» ва 3 октябр бо иштироки олимони соҳаи забоншиносӣ дар мавзӯи «Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон» суҳбат доир мегардад.
Ҳамчунин 4 октябр бо иштироки хонандагони фаъоли китобхона перомуни мавзӯи «Забони ман, нишони ман, дуруди бостони ман» суҳбат баргузор шуда, 5-уми октябр маҳфили адабии «Эй забони тоҷикӣ, эй зевари мулки Аҷам» дар назар дошта шудааст.

Сентябрь 28, 2016 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад