Эмомалӣ Раҳмон: «Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд»
Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ба имтиҳони бисёр сангину вазнини таърих рӯ ба рӯ шуда, мушкилоти зиёдеро паси сар карданд ва маҳз бо сабру таҳаммул, саъю талоши ватандӯстона ва заҳмати фидокорона ба ин рӯзҳои неку воқеан идона мушарраф гардиданд». Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен иброз намуданд.
Пешвои миллат ҳамчунин иброз доштанд, ки соли равон, яъне соли таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳияи Спитамен боз бо як санаи муҳим — 90-солагии таъсиси ноҳия хотирмон мебошад.
«Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен бо фаъолияти садоқатмандонаи худ дар соҳоти гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд»,- таъкид карданд Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуданд, ки: «Ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар ноҳия танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст ».
Соҳаи кишоварзии ноҳия низ тараққӣ карда, дар давоми шаш соли охир афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ якуним баробар зиёд шудааст.
Агар соли 2010 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 164 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 260 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






