Файзобод: таҷлили хотирмон аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон
Файзобод, 06.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳия Файзобод бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва фаъолон семинарҳо, конфронсҳо, суҳбату вохӯриҳо оид ба 25 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ баргузор гашта, нақш ва аҳамияти Истиқлолият дар бунёд ва ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона фаҳмонида мешавад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия низ дарсҳои кушод оид ба нақши Истиқлолият дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, маҳфилҳо, ҳамчунин конфронси илмӣ-адабӣ, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «25 соли Истиқлолият» баргузор гардиданд.
Бахшида ба ҷашн дар деҳаҳо, кӯчаву хиёбонҳо корҳои ободонӣ иҷро гардида, кӯчаву маҳаллаҳои маркази ноҳия ва биноҳои маъмурӣ бо шиору овезаҳо дар бораи Истиқлолияти давлатӣ оро дода шудаанд. Сокинони ноҳияи Файзобод ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукӯҳу хотирмон таҷлил мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






