Гармии ҳаво дар минтақаи ҷануб 1 дараҷа боло, дар ноҳияҳои шимоли кишвар 2-3 дараҷа поён хоҳад рафт

Сентябрь 17, 2016 08:16

Душанбе, 17.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик  дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ менамоянд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз агентии  мазкур хабар доданд, аз 17 то 21 сентябр  дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво  рӯзона 1 дараҷа боло рафта, ба 38 дараҷа хоҳад расид.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо 2-3 дараҷа поён рафта,  ба 33 дараҷа  хоҳад расид.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то ба 3 дараҷа гармӣ расида, рӯзона 14-19 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Дар ғарби вилоят  ҳаво шабона 9-14, рӯзона 26-31 гарм мешавад.

Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар буда, ҳаво 31- 36 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 17, 2016 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад