Хазинаи махсуси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба варзишгарони маъюб кумак мерасонад
Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти кумита бо Макс Денес, сардори Хазинаи махсуси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои маъюбон баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои расонидани кумак ба варзишгарони маъюб, таъмин намудани иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумита иброз намуданд, ки баҳри таъмин намудани иштироки васеи варзишгарони маъюб дар мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд ва ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 4 — 5 маротиба байни ин қишри ҷомеа мусобиқаи варзишӣ доир мешавад. Соли равон 4 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир шуда, баргузории як мусобиқаи дигар дар назар аст.
Ҳамчунин Макс Денес иброз намуд, ки вазифаи Фонди маъюбон- ин кумак расонидан ба варзишгарони маъюб мебошад ва он барои дарёфти манбаъҳои иловагии молӣ ва техникӣ мусоидат менамояд.
Дар мулоқот барои густариши робитаҳои ҳамкорӣ ва ҷалби бештари шахсони маъюб ба варзиш ва дигар самтҳои муҳими марбут ба ҳаёти маъюбон таклифу пешниҳодҳои судманд ироа шуданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






