Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Душанбе, 11.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз 16 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои оилаҳои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пешбинӣ гардидааст.
Дар ин манзилҳои истиқоматӣ, ки бо тарҳи замонавӣ оро ёфтаанд, барои бошандагон шароити лозимаи зисту зиндагӣ фарҳам карда шудааст.
Бино бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ, ки тавассути нерӯйи барқ кор мекунад, гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида буд. Фармоишгар идораи сохтмони асосӣ ва пудратчӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Корхонаи сайёри механиконидашудаи 101»-и ноҳия мебошанд ва замони сохтмон 70 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.
Маблағи лоиҳавии иншоот 3,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ бошад аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 1,8 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан калиди якчанд манзили истиқоматиро ба соҳибонашон супориданд ва барои зиндагии ободу осудаашон дар ин манзилҳо ба онҳо дуои хайр доданд. Дар навбати худ сокинон барои ин гуна дастгириҳояшон ба сарвари давлат арзи сипосу миннатдорӣ карданд ва инро намунаи қадрдонии кору фаъолияти худ аз ҷониби роҳбарияти олии давлат арзёбӣ намуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ туфайли дастгирию ғамхориҳои пайвастагии сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати зиндагии алахусус хизматчиёни давлатӣ беҳтар гардида, мушкилоти маишии онҳо зина ба зина ҳалли худро пайдо намуда истодааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани ин бинои нави истиқоматӣ далели воқеии ин гуфтаҳост. Роҳ ва майдони назди бино асфалтпӯш гардида, гирду атрофи он чароғон шудааст.
Президенти мамлакат аснои шиносоӣ аз корҳои анҷомшуда дар бинои нав, ба сифати он баҳои баланд доданд.
Масъулин ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки оянда дар таҳхонаи ин бино як толори муосири варзишӣ ҳам бунёд карда мешавад. Ободонии гирду атроф ва бунёди майдонча барои бозии кӯдакон ҳам мувофиқи нақша амалӣ мегардад.








Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






