Истиқбол аз ҷашни Истиқлол дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2016 11:52

Душанбе, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки васеи устодону кормандон, донишҷӯён ва меҳмонон доир гардид.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода аҳли нишастро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, зикр кард, ки «Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Шукргузори онем, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат ба ҳар як шаҳрванди он, махсусан насли ояндасози миллат- ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳост. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод намудан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш барои ҳар як шахси ватандӯсту ватандор масъулияти бузург дорад. Ин масъулият ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ пайваста кӯшишу талош намоем».
Тавре аз донишкада хабар доданд, дар чорабинӣ инчунин озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, ки рӯзномаи «Молия ва иқтисод» гузаронида буд, ҷамъбаст гардида, ба муаллифони мақолаҳои арзанда ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Сентябрь 8, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад