Истиқлолияти давлатӣ шароити арзандаро барои татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд меорад

Сентябрь 6, 2016 16:51

Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 сентбр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо» баргузор гардид.
Конфронси мазкур бо ибтикори Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор гардида, дар он олимону кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар конфронс сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ризоён доир ба мавзӯи «Таҳкими Истиқлолияи давлатӣ ҳамчун меҳвари манфиатҳои миллии Тоҷикистон» сухан карда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифтанд, ки имрӯз дар самти рушд додани эҳсоси ватанпарастӣ ва давлатмеҳварии шаҳрвандон васеъ истифода мешаванд.
«Истиқлолияти давлатӣ шароити арзандаро барои ташаккул, шинохт ва татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд меорад. Худи мафҳуми «соҳибихтиёрӣ» ҷузъи ҷудонопазири консепсияи манфиатҳои миллӣ буда, шароити мувофиқ барои татбиқи он мебошад»,- гуфт Шералӣ Ризоён ва илова намуд, ки: «Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз афзалиятҳои доимии давлати миллӣ ба шумор меравад ва барои татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад».
Дар замони истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои усулӣ ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии мардуми кишвар рӯи даст омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба вуҷуд меорад, ки дар дарозмуддат барои ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мақоми калидӣ дорад.

Сентябрь 6, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад