Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ
Душанбе, 3.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи китоб ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи муосири иттилоотӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Сайфиддин Назарзода ҳамагонро бо ҷашни китоб ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Сарбиблиографи китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-тиббии Тоҷикистон Ҷурабой Раҷабов доир ба истифодаи технологияи иттилоотии муосир дар китобхонаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин гуфт, ки имрўз пешрафти кори китобхонаҳои Чин аз истифодаи технологияи муосир мебошад.
Фирдавс Аминов, сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ доир ба навовариҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нақш ва мақоми технологияи замонавӣ дар пешбурди кори китобхонаҳо ҳарф зад.
Муовини сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Якуб Бобохонов дар заминаи аҳамияти таъсиси китобхонаи электронӣ сухан гуфта, ба кормандон тарзи истифодаи дурусти онро амалан нишон дод.
Тавфиқ Баротов, муовини сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба вазъи ҳуҷҷатҳои электронӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқони ҷавон ва хонандагони китобхона иштирок намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






