Кӯлоб: Қадами навбатӣ дар роҳи пешгирии бемории сил

Сентябрь 1, 2016 08:49

Душанбе, 1.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва бо дастгирии техникии барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил семинари омӯзишӣ байни аъзои кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ (КМТ) баргузор гардид. Дар семинар барои тарғиби роҳҳои пешгирии бемории сил ва тарзи ҳаёти солим маслиҳатҳо дода шуд.
Дар семинар аъзои КМТ аз ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон ва Фархор ҷалб гардиданд.
Сил-2Ёдрас менамоем, ки бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии интихобшуда дар сатҳи ноҳия ва ҷамоатҳо кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ таъсис дода шудаанд, ки вазифаи онҳо баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ оид ба бемории сил, ҷалби беморон барои супоридани ташхиси саривақтӣ, ба табобати пурра фаро гирифтан ва инчунин паст кардани сатҳи доғгузорӣ нисбат ба беморони сил мебошад.
Пас аз омӯзиш аъзои кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ метавонанд байни митақаҳои худ барои пешгирии бемории сил корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Сентябрь 1, 2016 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад