Кӯлоб: Дастовардҳои соҳаи энергетика дар давоми 25 сол
Кӯлоб, 1.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шоирону нависандагон ва собиқадорони соҳа бо кормандони шабакаҳои барқии минтақа баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аз дастовардҳои соҳаи энергетика дар давоми 25 сол ҳарф зада, зикр намуданд, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиклолияти энергетикӣ мебошад ва дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида мешаванд. Шоирон Ҳақназар Ғоиб, Хосият Вализода ва профессор Гурез Иброҳимов ҳамаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро аз баракати Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.
Дар идомаи чорабинӣ роҳбарияти шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб ва иттифоқҳои касаба як гурӯҳ кормандони фаъоли соҳаро барои хизматҳои шоён дар самти таъмини аҳолӣ бо барқ ва сари вақт таъмир намудани зеристгоҳ ва хатҳои барқӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардониданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






