Конфронси «Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ: Меъёрҳои ҷадиди ҳамкорӣ»

Сентябрь 20, 2016 09:14

Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брюссел дар доираи давраи раисии Словакия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ: Меъёрҳои ҷадиди ҳамкорӣ»’ конфронс баргузор гардид.
Дар конфронс котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупои Ҷумҳурии Словакия Лукас Паризек, ёвари котиби генералии СММ, директори минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ Ҷиҳан Султаноғлу, директори генералии Директорати рушд ва ҳамкории Комиссияи Аврупо Стефано Мансервиси, сардори Сарраёсати Аврупо ва Осиёи Марказии Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ Томас Майр-Ҳартинг, директори Маркази пешгирии низоъҳои САҲА Марсел Песко, директори Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират Мартин Плум, сардори Шуъбаи Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Олмон Майкл Зиберт, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Эркинхон Раҳматуллозода ва Намояндаи Чумҳурии Қазоқистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Алмаз Ҳамзаев сухан гуфтанд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Эркинхон Раҳматуллозода ба таваҷҷуҳи ҳозирин маълумоти муфассал оид ба вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ ва чолишҳои амниятии Осиёи Марказӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, вазъи сарҳад бо Афғонистон ва зарурати таҳкими иқтидори марзбонони тоҷикро пешниҳод намуд.
Ӯ ҳамчунин ба иштирокчиён маълумот роҷеъ ба саҳми Тоҷикистон дар эҳёи иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, аз ҷумла робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомӣ ва маориф, роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва ба ном «Давлати исломӣ» манзур намуд.
Дар конфронс Сафир Эркинхон Раҳматуллозода ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавоб гуфт.

Сентябрь 20, 2016 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид