Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар аз курси махсуси ҳарбӣ-хизматӣ мегузаранд

Сентябрь 19, 2016 11:21

Душанбе, 19.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон барои кормандони ҷавон дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ курси махсуси ҳарбӣ-хизматӣ гузаронида мешавад.
Масъалаи ташкил ва гузаронидани курсҳои мазкур зимни ташрифи роҳбари Дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Амелия Ханнафорд ба Маркази таълимии шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ муҳокима гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, дар мулоқот бо роҳбарияти агентӣ ҳамчунин натиҷаҳои амалигардонии барномаҳои таълимӣ ва низомномаи Маркази таълимии шуъбаи кадрҳо дар соли 2015, инчунин курси омӯзишӣ барои кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд дар асоси бандҳои дахлдори қарори Гурӯҳи байналмилалии корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2016 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сентябрь 19, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад