Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Б. Ғафуров дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатиро назаррас хонданд
Душанбе, 06.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъомад доир гардид, ки дар он иштирокчиён доир ба пешрафти давлат ва рушди соҳаи тандурустӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, олимону таърихшиносон зимни маърӯзаҳои хеш аз аҳамияти Истиқлолият дар пешрафти давлат ва нақши он дар ҷомеа сухан карда, зикр намуданд, ки дар як давраи кӯтоҳ баъди соҳибистиқлолии мамлакат, новобаста аз душвориҳо Ҳукумати Тоҷикистон тавонист Тоҷикистонро ба як давлати пешрафта табдил диҳад.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки дар ноҳия 105 муассисаи табобатию солимгардонӣ мавҷуд буда, дар онҳо 488 нафар духтурони ихтисосҳои соҳавӣ ва 1350 нафар коркунони миёнаи соҳаи тиб ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ҳамаи беморхонаҳои бистарикунонӣ 52 шуъба мавҷуд мебошад, ки 11 адади он дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат таъсис дода шудаанд.
Танҳо соли 2016 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳия ба маблағи зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ 26 намуд таҷҳизоти ташхисиву табобатӣ дастрас карда шуд.
Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд 15 нафар кормандони соҳаи тибби ноҳия барои саҳми фаъолашон дар солимии ҷомеа бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






