Кумаки хайриявӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони нобинои шаҳри Ҳисор
Душанбе, 8.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони нобинои шаҳри Ҳисор маводи хўрокии хайрия тақдим намуд.
Масъулини Вазорати маориф ва илм маҳсулоти хайриявиро ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони нобинои шаҳри Ҳисор расонида, ҳамзамон бо вазъи буду боши хонандагону тарбиятгирандагон шинос шуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи мазкур ним тонна коғази махсус, ки барои навишти шахсони имконияти биноияшон суст муайян шудааст, тақдим гардид. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони нобинои шаҳри Ҳисор 204 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






