Лоиҳаи «Таҳкими иқтидори паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва вокуниш ба он» ба имзо расид

Сентябрь 7, 2016 16:50

Душанбе, 7.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ маросими ба имзо расидани лоиҳаи «Таҳкими иқтидори паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва вокуниш ба он» миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Лоиҳаи мазкур дар асоси Стратегияи миллӣ барои идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар доираи «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ» таҳия шуда, аз тарафи Ҳукумати Япония маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳа барои кумак ба беҳтар намудани банақшагирии тадбирҳои идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулода, омодагӣ ва вокуниш дар нӯҳ ноҳия аз ҷумла се ноҳияи воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон, инчунин ба мустаҳкам намудани иқтидори дастаҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ тибқи Барномаи қолабии Сендай равона карда шудааст.

Сентябрь 7, 2016 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад