Локомотиви магистралӣ ва қатораи дизелии мусофирбар- армуғони идона аз «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Сентябрь 6, 2016 09:39

Душанбе, 06.09.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ 25 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамчун армуғони идона як локомотиви магистралии замонавӣ ва як қатораи дизелии мусофирбарӣ харид, ки рӯзи 24 август ҳангоми ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат — Ёвон) мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тавре ки аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд,  локомотиви харида  5- умин локомотив аст, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси шартномаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо «Роҳи оҳани Қазоқистон» харида шуд. Бартарияти он аз дигар локомотивҳо дар он аст, ки сарфиёти сӯзишвориаш камтар буда, бо таҷҳизоти электронӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Иқтидори он 4564 қувваи асп буда, аз ҷиҳати экологӣ ба талабот ҷавобгӯ аст.
Қатораи дизелӣ аз Ҷумҳурии Эстония оварда шуд, ки аз 6 вагон барои 568 ҷой иборат аст. Ду вагони охиру аввал 68 ҷой, 3 вагон 128 ҷой ва як вагон 48 ҷой доранд. Ин қатора муҳаррики истеҳсоли олмонӣ дошта, дар як километр 1, 5 литр сӯзишворӣ сарф мекунад. Қатораи мазкур бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он тамоми шароит барои мусофирон фароҳам оварда шудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар ин рӯзи фараҳбахш ҳамзамон хатсайри нави мусофирбарии Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа — Хушодӣ кушода шуд, ки дар он ҳафтае ду маротиба қатора ҳаракат мекунад.

Сентябрь 6, 2016 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид