«Маҳфили адабӣ- фарҳангии ҷавонон» фароғати ҷавононро таъмин мекунад

Сентябрь 5, 2016 12:06

Душанбе, 5.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ва гулгашту саёҳатгоҳҳои пойтахт чорабинии «Маҳфили адабӣ- фарҳангии ҷавонон» роҳандозӣ шудааст.
Тавре директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» Самандар Абдуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, «Маҳфили адабӣ- фарҳангии ҷавонон» бо мақсади баланд бардоштани тафаккури эҷодӣ, фароғати ҷавонон ва рушди фарҳанг ба роҳ монда шудааст.
Чорабинии фароғатӣ 3 сентябри соли равон бо ҷалби наврасону ҷавонони боистеъдод, навозанда, сароянда ва соҳибзавқ дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии устод Рӯдакӣ баргузор гардида, дар назар аст имрӯз дар Боғи парчам доир гардад.
Тазаккур бояд дод, ки чорабинии мазкур ҳамарӯза аз соати 18:00 то 19:00 баргузор мегардад.

Сентябрь 5, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд