Маркази саломатии маркази ноҳияи Рӯшон бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон навсозӣ гардид

Сентябрь 27, 2016 11:24

Хоруғ, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати давлати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта барои тармиму таҷдиди бинои маркази саломатӣ, ки дар маркази ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст, бештар аз 80 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард ва дар зарфи як сол бинокорони маҳаллӣ бинои мазкурро бо сифати баланд ба истифода доданд. Ҳангоми боздид аз ин марказ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Хаҷиме Китаоки ба сифати кори бинокорон баҳои баланд дода, изҳори умедворӣ кард, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба меъёрҳои замони муосир боз ҳам наздиктар хоҳад шуд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия Худоёр Худоёров, ин бори аввал нест, ки сафорати Ҷопон дар ҳалли баъзе аз мушкилоти иҷтимоии сокинони ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба наздикӣ бо кумаки беғаразонаи сафорати мазкур дар деҳаи Емси водии Бартанг як неругоҳи хурди барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва таъмири канали обгузари деҳаи Барзуд идома дорад.
Назар ба иттилои масъулини шуъбаи тандурустии ноҳия, аз 80 муассисаи табобатӣ 25-тоаш дар давраи истиқлолият бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.

Сентябрь 27, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад