Мавлоно Балхӣ нобиғаи назми классикии тоҷику форс аст

Сентябрь 29, 2016 11:11

Душанбе, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ташаббуси Маҳфили стипендиантҳои ҷавон ба ифтихори солгарди донишманди илми тасаввуф, адиби барҷастаи адабиёти тоҷик ва ҷаҳон Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи «Ҷалолиддини Балхӣ нобиғаи адабиёти тоҷик» ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш аъзои маҳфил атрофи мавзӯъҳои мухталиф маърӯза карданд.
Аз ҷумла, Саъдулло Юсупов, роҳбари Маҳфили стипендиантҳои ҷавон иброз дошт, ки Мавлоно Балхӣ аз нобиғагони назми классикии тоҷику форс буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун «Худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ» шинохта шудааст.
«Ӯ инсонро бузургтарин мӯъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, ба ақидаи Мавлоно, қодиранд заминро бо осмон хешу табор гардонанд», -гуфт Саъдулло Юсупов .
Ҳамчунин иштирокчиён низ атрофи мавзӯъҳои «Эҷодиёти Балхӣ», «Нақши осори Балхӣ дар замони муосир», «Дипломатия дар осори Ҷалолиддини Балхӣ» ва «Ҷалолиддини Балхӣ ва тасаввуф» маърӯза намуданд.

Сентябрь 29, 2016 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад