Миср ба Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлол сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бештар орзу кард

Сентябрь 7, 2016 17:24

Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни миллии кишвари мо, субҳи 7 сентбяри соли 2016 Дабири Дафтари Раёсати Ҷумҳурии Арабии Миср Карим ад-Девонӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира боздид намуд.
Карим ад-Девонӣ ба намояндагӣ аз Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик арз намуда, ба кишвари мо ва мардуми он сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бештар орзу кард.
Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бо арзи сипоси фаровон аз табрики мазкур, аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои байни ду кишвар изҳори хушнудӣ намуда, ба Миср ва мардуми он орзуи амну субот ва рафоҳу ободӣ кард.

Сентябрь 7, 2016 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад