Миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ»-и Чин созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бобати ба таҷдид ва истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК «Азот» доир гардид.
Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2014 дар доираи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишвар оид ба сармоягузории бахши кишоварзӣ ва саноат ба маблағи 800,0 миллион доллари амрикоӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расода буд.
Дар робита ба ин, роҳбарияти вилояти Хэнани Чин баҳри татбиқи ин Ёддошт ва сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои шабакаи «Як камарбанд- як Шоҳроҳ» ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ»-ро ҳамчун намоянда аз бахши хусусӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ваколатдор кардааст.
Ширкати мазкур азм гирифтааст, ки корхонаҳои нуриҳои минералӣ (аммиак ва карбамид)-ро дар заминаи ҶСК «Азот»-и шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бунёд намояд. Тибқи созишномаи мазкур, 50 фоизи саҳмияҳои ҶСК «Азот» ба ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ» пешниҳод шуда, сармоягузор уҳдадор мегардад, ки бар ивази он корхонаҳои аз ҷиҳати технологӣ муосирро бунёд намояд.
Барои татбиқи лоиҳа ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ» сармояи мустақимро дар ҳаҷми 360 миллион доллари ИМА-ро ҷалб карда, баъд аз ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 ҷойи корӣ ташкил мешавад. Муҳлати амали созишнома 10 солро дар бар мегирад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда, бунёди инфрасохтори замонавӣ, воридоти техника ва технологияи муосир, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






