Мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тиб
Душанбе, 8.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳи марказии вазорат ва сарварони муассисаҳои ҷумҳуриявии ташхисиву табобатӣ доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷамъомад вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти кишвар ва дастгириҳои ҳамешагии Асосогузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки «мо ҳамагон вазифадорем дар ивази ин ғамхориҳо якпорчагииТоҷикистони азиз ва Истиқлолияти кишварамонро ҳифз намоем ва барои шукуфоии бештари он ҳамаҷониба кӯшему меҳнат кунем».
Дар ҷамъомад муовини аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ҷамъомадагонро ба муносибати иди бузурги Истиқлолият аз номи Ҳукумати кишвар табрику таҳният гуфта, ба фаъолони соҳа мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали «Хизмати шоиста» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Ҳамчунин чанд нафар донорҳои фаъол бо унвони «Донори фахрии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






