Мулоқоти созанда оид ба мақому мартабаи зан дар ҷомеа ва дастовардҳои занон дар даврони истиқлолият

Сентябрь 19, 2016 16:53

Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи занро дар ҷомеа дар мадди аввал гузошта, нисбат ба занон ғамхории ҳамаҷониба зоҳир менамояд. Ин нукта дар вохӯрии Шӯрои занони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода баён гардид.
Зимни вохӯрӣ Идигул Қосимзода ҳамаи бонувони донишкадаро бо 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, доир ба мақому мартабаи зан дар ҷомеа ва ҳифзи дастовардҳои занон дар даврони истиқлолият сухан гуфт.
Дар мулоқот як гурӯҳ занони фаъоли донишкада барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Сентябрь 19, 2016 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад