Мушкилии сангини чорсолаи мардуми Тоҷикобод, ки дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштанд, дар замони Истиқлолият бартараф гардид
Тоҷикобод, 22.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар даврони 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ 152 иншооти ҳаётан муҳим ба маблағи 41 млн. 599 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар ҳамин давра 22 бинои муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, 24 муассисаи таълимии дигар навсозӣ шуданд, 12 бунгоҳи тиббӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, биноҳои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, 17 хатти оби нӯшокӣ, 6 канали обёрӣ бо дарозии 36 км, 6 неругоҳи хурди обӣ, варзишгоҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст, 3 бонк, 11 кӯпруки мошингузар, биноҳои маъмурии ҳукумати ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва дигар иншооти муҳим ба истифода дода шуданд.
Дар давронии Истиқололият аз ҳисоби соҳибкорон зиёда аз 180 иншооти тиҷоратӣ ва маишӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра ҷиҳати рушди соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуданд, ки соли 2011 дар ноҳия якумин корхонаи саноатӣ- заводи хиштбарорӣ бо иқтидори 2,5 млн. хишт дар як сол бо харҷномаи 500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ба истифода дода шуд. Дар он беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд. Дар баробари ин айни замон дар ноҳия боз 10 корхонаи хурди истеҳсолӣ, маҳсулоти мебелӣ, маҳсулоти оҳанӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 80 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳия, яке аз муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ- ин анҷоми марҳилаи сеюми шоҳроҳи Душанбе-Саритош дар худуди ноҳияи Тоҷикобод ва дар ниҳоят, ба истифода додани пули боҳашамати пайвасткунандаи ноҳия бо маркази ҷумҳурӣ буд, ки бо сифат ва иқтидораш дар мамлакат беҳамто аст.
Он ба мушкилии сангини чорсолаи мардум, ки бар асари набудани роҳ дар бунбасти коммуникатсионӣ афтода буданд, хотима гузошт. Хароҷоти умумии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таҷдиди 25 км роҳ ва кӯпруки «Ваҳдат» 86,6 млн.сомониро ташкил дод.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






