Мусобиқаи идона ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Новокузнетск
Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск бо номи «Дӯстии миллати тоҷику рус» бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни ҷамъиятҳои минтақавии дигар миллатҳо ва ҷамъиятҳои динии ин сарзамин баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки ба хотири дарёфти «Ҷоми дӯстӣ» сурат гирифт, Ҷамъияти қирғизҳои Қирғизистон, Ҷамъияти провославҳои Русия, ҷамъияти мусулмонони шаҳри Новокузнетск ва ҷамъияти тоҷикон бо номи «Дӯстии миллати тоҷику рус» иштирок намуданд.
Дастаи «Дӯстии миллати тоҷику рус» ғолиби ҷои аввал гардид. Раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Шавқат Тоҳиров зимни суханронӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳама тоҷикону тоҷикистониён пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини кишвар арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки: «Мо фарзандони бурунмарзии Тоҷикистони азиз, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватан кӯшиш мекунем. Талоши мо ин аст, ки муаррификунандаи фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷикон бошем».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






