Мусулмонони Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро кай таҷлил менамоянд?
Душанбе, 5.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Иди саиди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонӣ душанбе, 12 сентябри соли равон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки 3 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид, қарор қабул намуд. Зикр шуд, ки 12 сентябр соати 7:00 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.
Аз Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки санаи таҷлили иди саиди Қурбон мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.
Дар ҷаласа ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дастур дода шуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо- сулҳу оромӣ, хайру кумакҳо ба ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон- Тоҷикистон, инчунин худдорӣ намудан аз зиёдаравиҳо дар мавриди оростани дастархони идона сухан кунанд.
Бояд зикр кард, ки иди саиди Қурбон дар кишварамон дар ҳоле таҷлил мегардад, ки 9 сентябр мардуми сарбаланди тоҷик 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои оромию осоиштагӣ, дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол менамоянд.
Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ҳамасола ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Каъба мераванд. Имсол низ ҳудуди беш аз 6 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон барои иҷрои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд, то ба зиёрати Каъба мушарраф гарданд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи қонунгузории кишвар рӯзи Иди Қурбон — 12 сентябр рӯзи истироҳат эълон гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






