Н. Бордюжа: Марзи Тоҷикистону Афғонистон пойгоҳи амнияти кишварҳои СААД мебошад

Сентябрь 30, 2016 09:18

Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа баъди мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба як барномаи ҳукуматӣ оид ба таҳкими он ниёз дорад. Ӯ таъкид кард, ки «Ин ба суботи кишварҳои мо таъсир мерасонад ва мо марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ҳамчун пойгоҳи амнияти ҳамаи кишварҳои аъзои СААД баррасӣ менамоем».
«Мо ҳамчунин масъалаи таҳкими муштараки иқтидори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем», — афзуд ӯ.
Николай Бордюжа ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки дар Ереван баргузор мегардад, гузориш дод. Хотиррасон месозем, ки айни ҳол Арманистон раисии ин Созмонро бар уҳда дорад.
Ба рӯзномаи ҷаласаи мазкур масоили фаъолгардонии муборизаи муштарак бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ворид карда мешаванд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин fi-kasino-online.net амнияти дастаҷамъӣ тасдиқ карда шавад.
Ба ғайр аз мавзӯъҳои мазкур ҷонибҳо вазъи Ховари Миёна ва Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сентябрь 30, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд