Намоиши дастовардҳои даврони истиқлолият дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Душанбе, 9.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар хиёбони Исмоили Сомонӣ намоиши дастовардҳои даврони истиқлолият аз тамоми корхонаву ташкилот ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоиши мазкур дар радифи корхонаҳои истеҳсолӣ, донишгоҳу донишкада, пужӯҳишгоҳ ва тамоми муассисаҳои пойтахт беҳтарин дастовардҳои худро, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст оварда буданд, ба намоиш гузоштанд.
Ҳадафи асосии намоишгоҳи бошукӯҳ- муаррифии муассисаву корхонаҳои кишвар дар 25 соли Истиқлолият мебошад.
Дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






