Нуробод: Даъват ба ватандӯстию худшиносӣ дар мулоқот бо ҷавонони ноҳия
Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ бо сокинон ва ҷавонони ноҳияи Нуробод дар мавзӯи «Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд» ҷамъомад доир намуд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки шомил шудани ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ тавассути ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ва ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби мубаллиғон анҷом дода шуда, насли имрӯза, аз ҷумла наврасону ҷавононро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша бар зидди ин амалҳои номатлуб мубориза баранд.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва барои ба камол расонидани насли боилму маърифат дар ҷумҳуриамон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






