Оғози боҳашаматтарин паради ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ин лаҳзаҳо бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»- и пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбӣ ҷараён дорад, ки боҳашаматтарин паради ҳарбӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад.
Дар ин паради ҳарбӣ тақрибан 16 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмӯъ, дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият 25 ҳазор сарбозони ҷузъу томҳои гуногуни кишвар иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин 9 сентябр аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ парад-марафон гузаронида мешавад, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат меварзанд.








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






