Оби осоишгоҳи «Авҷ» муъҷизаҳои зиёд дорад: ба 55 дард даво мебахшад, 18 дардро бидуни ҷарроҳӣ табобат мекунад

Сентябрь 21, 2016 15:55

Хоруғ, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони риштаи тиб мегӯянд, ки осоишгоҳи «Авҷ»-и ноҳияи Ишкошим ба 55 дард даво мебахшад ва 18 дардро бидуни ҷарроҳӣ табобат мекунад. Глушников Василий Иванович, як сокини вилояти Пензаи кишвари Русия гуфт, ки: «солҳост дарди миёну асаб маро озор медиҳад. Чор бор рӯи мизи ҷарроҳӣ хоб кардам. Дардам сабук нашуд. Фалаҷ гаштам. Аз зиндагӣ умедамро кандам. Дӯстони тоҷики муқими Русия дар бораи муъҷизаи оби ин чашма ба ман муълмот доданд ва тавсия карданд, ки ҳатман як бор ба ин ҷо биёям. Ҳоло ду ҳафта аст, ки дар осоишгоҳи «Авҷ» мебошам. Бовар нокарданист, аммо ман комилан шифо ёфтам. Аз зодгоҳам бо асо омадам ва аз ин ҷо бе асо меравам. Онро барои хотира дар осоишгоҳ мемонам».
Сардухтури осоишгоҳ Қаноат Мавлонқулов чунин мегӯяд: «Дар таркиби оби чашма моддаҳои кимиёвии никел, молибден, ион ва амсоли инҳо мавҷуданд, ки барои саломатии инсон хеле фоидаовар мебошанд. Об барои 18 намуди беморӣ, ки одатан бо ҷарроҳӣ анҷом меёбанд, даво мебахшад. Барои мисол, агар дар бинӣ гӯшт пайдо шавад, онро ҷарроҳӣ мекунанд ва баъди чанд муддат ин гӯшт дуюмбора аз худ дарак медиҳад. Аммо оби чашма баъди як ҳафта ин гӯштро бидуни ягон захму озор аз байн мебарад. Ин об муъҷизаҳои зиёд дорад, аммо афсӯс, ки дар бораи он сокинони кишвар ва берун аз он маълумоти кам доранд».

Сентябрь 21, 2016 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад