«Омодагии ҷавонписарон дар нақши сардори оилаи солим»-конфронс оид ба рушди устувори инсон
Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзу солим нигоҳ доштани оилаҳо ҳамкории судмандро бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ ба роҳ монда, бахшида ба масъалаи «Омодагии ҷавонписарон дар нақши сардори оилаи солим» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Рушди устувори инсон» конфронс доир намуд.
Дар кори конфронс намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон, фаъолзанон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар конфронс иштирокчиён оид ба ҳамкории Кумита бо дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии дахлдор дар самти танзими муносибатҳои оиладорӣ ва пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб, ки ба вайроншавии оилаҳо оварда мерасонанд, ҳарф заданд.
Сипас, пурсиши 200 ҷавонписар бо мақсади муайян кардани омодагии онҳо дар нақши сардори оилаи солим аз ҷониби номзади илмҳои равонӣ, муаллими калони Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодир Амонов доир гардида, аз рӯи он таҳлил, хулоса ва пешниҳодҳо ироа шуданд.
Инчунин дар доираи мавзӯъҳои «Муносибатҳои байнихусусӣ дар оила» ва «Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоҳизаҳои судманд пешниҳод гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






