Озмуни телевизионии «Донак» ҷамъбаст гардид

Сентябрь 7, 2016 09:22

Душанбе, 7.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд даври ниҳоии озмуни телевизионии «Донак» баргузор гардид.
Дар даври ниҳоӣ 100 нафар ғолибон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар бахшҳои навозандагӣ, сурудхонӣ ва рақс иштирок намуданд. Баъд аз хулосаи аъзои ҳакамон ҷои аввалро дар сароидани суруд Маҳмудҷон Зоҳидов аз шаҳри Хуҷанд, дар рақс Меҳрубон Савриддинова аз шаҳри Исфара ва дар навозандагӣ Олимҷон Мамадҷонов аз ноҳияи Спитамен ишғол намуданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Озмуни телевизионии «Донак» бо ташаббуси Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати фарҳанги вилоят ва Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ташкил карда шудааст.

Сентябрь 7, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!