Пагоҳ ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар майдони Дӯстии пойтахт манъ карда мешавад
Душанбе, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бинобар гузаронидани тамринҳои сафороӣ дар марҳилаи ниҳоӣ ва омодагӣ ҷиҳати гузаронидани Паради ҳарбӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-уми сентябри соли ҷорӣ аз соати 08:00 то соати 10:00 ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар майдони Дӯстии пойтахт манъ карда мешавад.
Бинобар ин, аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






