Пешниҳоди роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон

Сентябрь 30, 2016 08:55

Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дар ноҳияи Ёвон дар доираи лоиҳаи «Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон» семинар доир гардид.
Дар семинар намояндагони маҳаллаҳо, шӯрои занон, ҷавонони касбҳои гуногуни ноҳия ва намояндагони мақомоти ҳифзи хуқуқ иштирок намуданд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи маблағгузории «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 2018» бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Мақсади семинар, пеш аз ҳама, пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин тарғиби либоси миллӣ ва тарбияи ватанпарастӣ миёни ҷавонон мебошад.

Сентябрь 30, 2016 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд