Пешвои миллат: «Итминон дорам, ки раванди неки корҳои ободониву созандагӣ минбаъд низ дар ноҳияи Тоҷикобод идома меёбад»

Сентябрь 26, 2016 12:10

Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Боиси таассуф аст, ки тобистони соли гузашта ва соли равон офати табиии рухдода дар баробари дигар ноҳияҳои водии Рашт ба аҳолии ноҳияи Тоҷикобод низ хисороти зиёди молӣ расонид»,- изҳор намуданд имрӯз дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ бо супориши Роҳбари давлат комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ харобиҳои офати табиӣ дар муҳлати хеле кӯтоҳ бартараф карда шуда, сокинони зарардида сари вақт бо манзили зист ва лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардиданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи фарзандони ватандӯсти кишварамон дар ноҳияи Тоҷикобод ва умуман водии Рашт, корҳои зиёди ободониву созандагӣ амалӣ шудаанд ва итминон дорам, ки ин раванди нек бо азму талоши сокинон минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия 432 миллион сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда барои таъмини пешрафту тараққиёти он боз зиёда аз 86 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст», зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 26, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад