Пешвои миллат: Омӯзгори асилро зарур аст, ки ҳастии худро барои донишандӯзии фарзандони халқ сарф намояд

Сентябрь 1, 2016 11:25

Душанбе, 01.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу- Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил изҳор доштанд, ки дар тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор ниҳоят бузург мебошад.
«Парламенти мамлакат ҳамин хизматҳои шоистаи омӯзгоронро ба инобат гирифта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид намуд ва мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошт»,- афзуданд Сарвари давлат ва илова намуданд, ки: «Ҳукумат ҳамасола маоши омӯзгоронро зиёд карда, ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии онҳо тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ менамояд».
Ба андешаи Пешвои миллат, омӯзгори асилро зарур аст, ки ҳастии худро барои донишандӯзии фарзандони халқ сарф намояд, онҳоро мисли нури чашми хеш азиз донад, барои босавод, бомаърифат, соҳибҳунар ва соҳибкасб шудани шогирдон заҳмат кашад ва ба ин восита, инсони комилро ба воя расонад, зеро чунин масъулият омӯзгорро обрӯманд, боэҳтиром ва соҳибқадр гардонида, мақомашро дар ҷамъият боло мебардорад.
«Танҳо серталабӣ, донишҳои замонавӣ ва гуфтору рафтори шоиста омӯзгорро ба ин дараҷа мерасонад. Омӯзгори имрӯза барои расидан ба ин ҳадаф қодир аст, зеро барояш тамоми шароит муҳайё гардидааст»,- гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 1, 2016 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад