Пешвои миллат: «Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи охири соли 2000-ум то 31 фоиз дар соли 2015 паст карда шуд»

Сентябрь 8, 2016 16:05

Душанбе, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ ва гузашта аз ин, фалаҷ шудани иқтисодиёт ва коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардид. Масалан, дар зарфи солҳои 1992 -1997 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар паст гардида, буҷети давлатӣ ночиз ва хазинаи давлатӣ умуман бе захира монда буд», — таъкид дошт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар «Кохи Борбад»-и пойтахт доир гардид.
Сарвари давлат афзуд: «Дар чунин шароит таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои фалаҷгардида, манзилҳои зист ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоргашта вазифаи фаврӣ ва аввалиндараҷа ҳисоб меёфт. Ҷиҳати бартараф кардани буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ба фаъолият даровардани иқтидорҳои истеҳсолӣ Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва мо танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, бахусус, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин намудем».
Ба таъкиди Президенти кишвар дар ин раванд пули миллиро ба муомилот бароварда, низоми муосири молиявию бонкиро ташкил карда, ба узвияти аксари созмонҳои бонуфузи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ қабул гардидем.
«Ба туфайли амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи охири соли 2000-ум то 31 фоиз дар соли 2015 паст карда шуд», — зикр намуд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 8, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад