Пешвои миллат: «Сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Тоҷикистон мавриди пуштибонии на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт»
Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба мавқеи умда доранд. Тоҷикистон тайи даврони соҳибихтиёрии хеш муносибатҳои судмандро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда, ҷойгоҳу мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ марҳала ба марҳала мустаҳкам гардонид»,-иброз намудаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба нахустин таҷлили «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар ин давраи аз нигоҳи таърих начандон тӯлонӣ давлати мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори он рӯ ба афзудан ниҳод.
Ҳукумати Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои барқарории сулҳу субот дар кишвар масири густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судмандро бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ пеш гирифт ва ин равандро вусъат бахшид.
«Сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Тоҷикистон мавриди пуштибонии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва ин омил барои татбиқи сиёсати муваффақонаи хориҷӣ заминаи хуб гардид.
Аз ин ҷост, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам майлу рағбати худро ба тақвияту густариши равобит бо Тоҷикистон эълон медоранд», омадааст дар суханронӣ.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






