С. Аслов ва С. Севалл дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро баррасӣ карданд
Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябри соли 2016 дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои амнияти шаҳрвандӣ, демократия ва ҳуқуқи инсон Сара Севалл баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин 20 сентябри соли 2016 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 71-уми Маҷмаи умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Муғулистон Тсенд Мунх-Оргил мулоқот доир намуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Муғулистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишномаи бисёрҷониба оид ба таъсиси Маркази таҳлилӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ табодули назар намуданд.
Хамчунин 20 сентябри соли 2016 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниер мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.











Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






