Садақаро бояд ба мардуми камбизоат дод, на ба рӯҳониёну сарватмандон
Душанбе, 09.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 12 сентябри соли равон мардуми Тоҷикистон чун дигар мусулмонони кишварҳои ҷаҳон Иди саиди Қурбонро таҷлил менамоянд. Вобаста ба ин, 12 сентябр соати 7:00 дар тамоми масҷидҳои ҷомеаи кишварамон намози Иди Қурбон баргузор мегардад.
«Иди Қурбон яке аз идҳои исломӣ ба шумор рафта, он ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад»,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон. Раиси Шӯрои уламои кишвар афзуд, ки дар истилоҳи тоҷикон ин идро иди Қурбон мегӯянд, зеро дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расул (с) бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатон қисме аз он гӯштро садақа мекунанд ва он ба суннати қадимаи қурбонӣ нисбат дода шудааст, ки маънои иди наздик шудан ба Худост. Дар рӯзи Иди Қурбон корҳое вуҷуд доранд, ки бо анҷом додани онҳо мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем. Паёмбари гиромии Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Парвардигори шумо барои шумо ду рӯзеро ихтиёр кардааст, ки он аз ҳама рӯзҳо беҳтар аст». Мақсад аз ин ду рӯз иди саиди Фитр ва иди саиди Қурбон аст. Дар дигар ҳадисҳои Паёмбари гиромии Ислом (с) омадааст, ки ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстиву бародарӣ ва бахшидани якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кумак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон аст, зеро Шайх Фаридуддини Аттор фармудааст:
Ҳар ки хандонад ятими хастаро,
Дар кушояд ҷаннати дарбастаро.
Таърихи пайдоиши иди саиди Қурбон
Ҳамзамон Сайидмукаррам Абдулқодирзода доир ба таърихи зуҳури иди саиди Қурбон ибрози назар карда, афзуд, ки Иди Қурбон аз замони ҳазрати Иброҳим (а) сарчашма мегирад. Ҳазрати Иброҳим (а) бо фармони Худо ба сарзамини Фаластин рафт. Вақте ки аз ҳамсараш Соро фарзанд нашуд, бо Ҳоҷар издивоҷ кард ва аз ӯ фарзанде ба номи Исмоил ба дунё омад. Фармони Худованд шуд, ки Иброҳим (а) бо ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил ба сарзамини Маккаи Мукаррама, ки дар он вақт танҳо як ҷазираи бе обу гиёҳ буд, сафар намуда,он ҷоро барои ҳамсару фарзанди азизаш ватан ихтиёр намуд.
Дар 12-солагии фарзандаш Исмоил (а) ҳазрати Иброҳим (а) мавриди имтиҳони бузурги Худованд қарор гирифт. Он рӯз 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа, ки рӯзи саиди Қурбон аст, ба қурбонӣ кардани фарзандаш маъмур шуд. Иброҳим (а) бо фарзандаш Исмоил (а) машварат намуд ва ҳар ду ба майдони қурбонгоҳ рафтанд, то ҷигаргӯшаашро қурбонӣ кунад. Дар ин ҳолат тамоми фариштагони осмон нолаву зорӣ ба боргоҳи Худованд менамуданд, то Иброҳим (а) аз имтиҳони Худованд комёб шавад ва дуои онҳо иҷобат шуд. Ҳазрати Ҷабраил (алайҳиссалом) бо гӯсфанде иваз аз Исмоил (а) бо фармони Худованд бар замин фуруд омад ва Иброҳим (а) ба ҷои фарзандаш гӯсфандро қурбонӣ намуд. Ба ҳамин хотир аст, ки тамоми мусалмонон дар рӯзи иди Қурбон гӯсфанд қурбонӣ мекунанд.
Рӯзи ид рӯзи меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад, бинобар ин онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, чаро ки ин рӯз рӯзи дӯстиву муҳаббату бародарӣ аст.
Иди Қурбон рӯзи садоқат ва ваҳдат аст
«Таълимоти Ислом моро пайваста ба он даъват мекунад, ки дар рӯзи Ид ва тамоми сол кинаву кудуррат ва душманиро аз дил дур сохта, бародаронамон ва ҳамватанонамонро дар оғӯш гирифта, Иди Қурбонро ҳамчун рӯзи садоқат ва ваҳдату якпорчагии мусулмонони кишвари азизамон ҷашн гирем»,- афзуд раиси Шӯрои уламои кишвар. . Бояд зикр кард, ки қурбонӣ кардан барои мардуми мусулмон ибодати молӣ аст.
Қурбонӣ кардан ибодати молист
Дар посух ба савол, ки қурбонӣ кардан чӣ гуна ибодат аст? Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки қурбонӣ кардан барои мардуми мусулмон ибодати молӣ буда, дар Ислом аз аҳамияти вежае бархурдор мебошад. Қурбонӣ яке аз шиорҳои Ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим (а) ҷонварро холис барои Худои ягона ва барои ризои Ӯ забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорпои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорпои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида, савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед. (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).
Қурбонӣ бар кадом шахсон воҷиб аст?
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Нисоби закот ба ҳисоби имрӯза муодил ба 17 ҳазору 400 сомонист. Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа рост меояд. Агар дар ин рӯзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан авлост. Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону камбизоатон садақа намояд. Агар шахсе хоҳад, ки қурбонии солҳои гузаштаашро анҷом диҳад, метавонад, ки пули қурбониро ба камбизоатон расонад.
Қурбониро метавон дастаҷамъона анҷом дод
Ҳамзамон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавриди суннати қурбонӣ кардан, табодули назар карда гуфт, ки «агар дар як хона якчанд бародар зиндагӣ кунанду ҳамагӣ соҳибнисоб бошанд, бояд дастаҷамъона қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб бошанду ҳамагӣ дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад».
Дар посух ба саволи: бархе аз мардум бар ин ақидаанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан барои онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд? Раиси Шӯрои уламои кишвар мегӯяд, ки ин ақида ғалат аст ва асоси шаръӣ ва илмӣ надорад, зеро ки шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватмандӣ аст.
Қурбонӣ танҳо аз чорпоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гӯсфанд дуруст аст. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ дар қурбонӣ ҷоиз нест.
Моли қурбонӣ чӣ гуна бояд бошад?
«Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад»,- меафзояд Саидмукаррам Абдулқодирзода. Бузу гӯсфанд бояд аз яксола боло вале агар аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанди яксола ба назар намояд, қурбонӣ карданаш ҷоиз аст. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурӯхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори он садақа кунад. Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст. Аммо агар шикастагии он аз бехи шох бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.
Ҳамчунин агар ҳар ду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад ё бағоят лоғар бошад, ё дандонҳояш шикаста, гӯш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест. Аммо агар аз се ду ҳиссаи гӯши ҳайвон боқӣ бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.
Гӯшти қурбониро ба киҳо бояд тақсим кард?
Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонии худ бихӯрад. Ҳамчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонӣ ба фақирону сарватмандон таом диҳад. Афзал ин аст, ки гӯшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро садақа диҳад, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ сарф кунад ва як ҳиссаи боқимондаро ба ятимону маъюбону бепарасторон тақсим намояд.
Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ӯ шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).
Ҳамон тавр, ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст. Чунки асоси тавсияҳо ва бештарин аҳком ва ибодатро дини мубини Ислом барои сохтани фарди солим, иззату эҳтиром, накӯкорӣ, тақвияти равобити байни инсонҳо ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа равона менамояд. Пас барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзои он, тарбияи афроди солим зарурат дорад, зеро Ислом ҳамеша инсонро барои накӯкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад.
Садақаро танҳо ба камбизоатон ва муҳтоҷон диҳед
«Садақаро бояд ба камбизоатону афроди ниёзманд дод, на ашхоси сарватманд ва бениёз. Аз ин хотир, додани садақа ба ходимони дин, рӯҳониён, махдуму саидзодаҳо ва шахсоне, ки соҳиби молу сарват ҳастанд, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дуруст намегардад,- афзуд Сайидмукаррам Абдулқодирзода.
Марзия Саидзода, хабарнигори АМИТ «Ховар».