Сафари кории Пешвои миллат ба ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

Сентябрь 28, 2016 09:05

Душанбе, 28.09.2016. /АМИТ «Ховар»/.Дар доираи сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт як қатор иншооти истеҳсолию хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Субҳи рӯзи 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Меҳмони олимақомро дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Сағирдашт, роҳбарияти вилояту ноҳия ва аҳли санъату фарҳанг бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистони Дарвоз ва шодию нишоти беандоза истиқбол гирифтанд.

Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиберо бо омезиши санъати муосир ва расму ойинҳои миллӣ манзур намуданд.

Барномаи аҳли ҳунару фарҳанги ин гӯшаи зебои Тоҷикистонро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда, ба ҳунари мардуми ноҳияи Дарвоз баҳои арзанда доданд.

Сентябрь 28, 2016 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025