Сарҳадбонони тоҷик наздики 20 кг маводи мухаддири ҳашиш ва лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карданд
Душанбе, 20.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябри соли равон соати 19:50 наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи фаврии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Кокул»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд ва дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.
«Як нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуда, боқимонда ба тарафи ҶИА фирор намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 20 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як яроқи оташфишони карабин бо 16 адад тир дарёфт ва мусодира карда шуд», — илова намуд манбаъ.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






