Шароити мусоиди иқлими ноҳияи Рашт имкон медиҳад, ки дар оянда боғдорӣ чун самти асосии соҳаи кишоварзӣ тараққӣ дода шавад

Сентябрь 28, 2016 09:06

Душанбе, 28.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентбри соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт вохӯрӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рашт нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсоли меваю сабзавот, картошкаву ғалла ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб зиёд шуда, соли 2015 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи қариб 400 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, тибқи нақша дар ноҳияи Рашт аз худ кардани 1150 гектар замини нав пешбинӣ шудааст, ки амалӣ намудани ин кор ва мусоидат кардан ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, картошка ҳамчун зироати асосии ноҳия, инчунин парвариши навъҳои содиротии мева вазифаи Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
«Боғдорӣ яке аз бахшҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар афзун гардонидани имкониятҳои содиротии ноҳия ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад»,- баён доштанд Сарвари давлат ва илова намуданд, ки «Шароити мусоиди иқлими ноҳия имкон медиҳад дар оянда боғдорӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия тараққӣ дода шавад».
Бо ин мақсад дар панҷ соли охир дар хоҷагиҳои ноҳия 550 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки барои дар ояндаи наздик хеле зиёд намудани истеҳсоли мева ва содироти он имконияти хуб фароҳам меорад.

Сентябрь 28, 2016 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид