Суҳбати созанда бо донишҷӯёни ДДК бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳо ва пос доштани муқаддасоти миллӣ

Сентябрь 28, 2016 09:46

Душанбе, 28.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳо ва пос доштани муқаддасоти миллӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар сиёсати давлатии ҷавононро самти муҳим ва афзалиятнок муайян намудааст. Бинобар ин, роҳбари давлатамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавононро дар рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, давомдиҳандаи анъанаҳои неки давлатдорӣ ва татбиқгари ҳадафҳои олии имрӯзу фардои Ватан арзёбӣ намудаанд. Ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва барои ба камол расонидани насли боилму маърифат дар ҷумҳуриамон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонон зимни вохӯрӣ озмун доир карда шуд, ки ғолибон бо туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Сентябрь 28, 2016 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад