Суғд: баргузории намоиши дастовардҳои ҳизбиён бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2016 11:32

Хуҷанд, 08.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд намоиши дастовардҳои ҳизбиёни вилояти Суғд баргузор гардид. Чуноне ки ба АМИТ «Ховар» масъулин аз бахши ташкилии ҳизби вилоятӣ иттилоъ доданд, мақсади намоишгоҳ- пеш аз ҳама, ифода намудани дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла илм, фарҳанг, ҳунар, кишоварзӣ, тиб, варзиш ва анъанаҳои ниёгон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмӯъ, дар намоишгоҳ наздик ба 20 гӯша ташкил шуда буд, ки тамошои он ба ҳар як бинанда таассуроти амиқ мебахшид. Аз ҷумла: гӯшаи «Туҳфаи истиқлол», ки таҷассумгари дастовардҳои даврони истиклолият, амалишавии иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар дар самти иҷтимоиёт ва сохтмонҳои азими кишвар, «Ғунчаҳои даврони истиқлол»- баёнгари насли солими даврони соҳибистиқлол, «Файзи рӯзгор»- ифодакунандаи рамзи фаровонии дастурхони мардум ва кадбонуҳои тоҷик, «Чашмандоз», «Қолинбофӣ ҳунари аҷдодӣ», «Адрас либоси сулҳ» ва «Мӯҳрбофӣ»- муаррификунандаи ҳунарҳои дастии милии бонувони тоҷик, «Варзиш қосиди сулх» доир ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар давоми 25 соли соҳибистиқлолии кишвар ба ҳар як иштирокчӣ ва бинандаи намоишгоҳ маълумоти амик медоданд.

Сентябрь 8, 2016 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад