Суди ноҳияи Рашт Айнидин Саидбурҳоновро бо моддаи 195 қисми 2 гунаҳгор донист

Сентябрь 6, 2016 10:14

Рашт, 06.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Рашт Саидбурҳонов Айнидин Сайдаминович, зодаи ноҳияи Раштро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 195, қисми 2 бандҳои «б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр равонаи зиндон намуд.
Далели шайъӣ як адад яроқи оташфишони тамғаи «ТОЗ-16», бе соли барориш, як адад яроқи оташфишони тамғаи «ТОЗ-16», соли бароришаш 1952, як адад яроқи оташфишони дастии рахпечи ҷангӣ, автомати Калашников, тамғаи «АКМ» бо силсилаи АЛ таҳти №7078, соли бароришаш 1973 бо як адад тирдон ва 20 адад патрони яроқи оташфишони Калашников, ки аз Саидбурҳонов Айнидин дарёфт карда гирифта шудааст, дар бинои РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт нигоҳ дошта мешавад.
Пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми мазкур яроқҳо ба ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Сентябрь 6, 2016 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад